КУШТОР БАРОИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ

Сентябрь 30, 2008 10:59

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Ҷасади сокини 40 — солаи ҷамоати Шӯроби шаҳри Исфара Ҳаитгул Маҷидова аз хонааш ёфт шуд. Кормандони милиса дар ҷараёни амалиёти фаврӣ сокинони шаҳраки Нафтобод Алишер Узоқови 35 — сола ва Шавкат Мелибоеви 46 — соларо дастгир намуданд, ки ба куштори Ҳ. Маҷидова гумонбар мебошанд. Аз шахсони дастгиршуда телефонии мобилии Ҳ.Маҷидова мусодира карда шуд. Бояд гуфт, ки ҳам Алишер Узоқов ва ҳам Шавкат Мелибоев пеш аз ин барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун ҳабс шудаанд. Инчунин аз онҳо асбоби куштор — теша мусодира карда шуд. Вобаста ба ин воқеа парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Шахсони дастгиршуда айни ҳол дар маҳбаси пешакии вилояти Суғд нигоҳ дошта мешаванд.

Сентябрь 30, 2008 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад