МАҲСУЛОТИ ПОЛЕЗӢ ХУБ ҶАМЪОВАРӢ МЕГАРДАД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷамъоварии маҳсулоти хоҷагӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Конибодоми вилояти Суғд дар арафаи анҷомёбист. Ашту Конибодом ноҳияҳои серсоҳа мебошанд. Дар ин ноҳияҳо баробари пахта, ғалла, сабзавот ва полезӣ низ кишт карда мешавад. Соли ҷорӣ ноҳияи Ашт дар майдони 214 га ва ноҳияи Конибодом дар масоҳати 57 га зироатҳои полезӣ кишт намуданд. Дар ноҳияи Ашт танҳо аз майдони 39 га бештар аз 400 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 95,4 фоизи нақша мебошад. Дар ноҳияи Конибодом бошад аз майдони 12 га бештар аз 115 тонна чунин маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин баробари 96,3 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






