МАҶЛИСИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД ДАР МАСКАВ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). — Маҷлиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 5 сентябр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад. Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи низомномаро дар бораи маблағгузорӣ ва амалӣ сохтани барномаҳои мақсадноки алоҳидаи байнидавлатии СААД ва нақшаи машваратҳоро бахшида ба масъалаҳои сиёсати берунӣ, амният ва мудофиа дар давраи нимаи дуюми соли 2008 ва нимаи аввали соли 2009 муҳокима мекунанд. Инчунин ҷараёни иҷрои нақшаи ҳамкории низомии мамлакатҳои аъзои созмон то соли 2010, аз ҷумла, ташкили гурӯҳи муттаҳидаи артиши амнияти дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ карда мешавад.Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки айни ҳол Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошанд. Тарҷумон — Қудратов А.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






