МАҶЛИСИ ЗИЁИЁНИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДКОРИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 22, 2008 16:39

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 18-19 сентябри соли ҷорӣ дар Бӯстонсарои берунишаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Пуғус» мулоқоти III-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он он қариб 300 нафар намояндагони маъруфи зиёиёни эҷодкор ва илмии ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ, инчунин намояндагони воломақоми созмонҳои давлатии ин кишварҳо, созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, аз қабили ЮНЕСКО, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва байнидавлатии гуманитарӣ иштирок намуданд. Дар мулоқот асосан масъалаҳои марбут ба равобити фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатии давлатҳои аъзои ИДМ муҳокима гардиданд. Инчунин, масъалаи ҳамкории олимони ҷавон ва таъсиси филиали мактабҳои олии Русия дар давлатҳои ИДМ, дастгирии адабиёти миллӣ, тарҷумаи асарҳо ба забонҳои миллӣ, мубодилаи китоб, фаъолияти китобхонаҳо ва нашри адабиёти гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии мулоқот изҳор дошт, ки муоширати тоҷикон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аслан бо забони русӣ сурат мегирад. «Аз ин рӯ, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шуда, мо инро на бо талқини Маскав, балки барои он амалӣ месозем, ки бо ин забон мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо шарикони худ дар арсаи байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ гуфтугӯ мекунем.», — идома дод Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат қайд кард, ки омӯзиши забони русӣ барои донишҷӯёну олимон ва дигар намояндагони ҷомеа шароиту имконоти мусоиди шиносоӣ бо дастовардҳои беназири илму фарҳанги ҷаҳонро фароҳам месозад. Сарвари давлати Тоҷикистон мулоқотро рӯйдоди муҳим на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми давлатҳои аъзои ИДМ арзёбӣ карда, тазаккур дод, ки ҳамгироии кишварҳо аз наздикшавии фарҳанг, адабиёт ва илму маориф сарчашма мегирад. Дар доираи мулоқоти мазкур маросими супурдани ҷоизаҳои адабӣ ба ғолибони озмуни «Адибони ҷавони мамлакатҳои ИДМ» баргузор гардид. Ҷоизаҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорид. Ҷоизаҳои озмун насиби адибони ҷавони ҷумҳуриҳои Белорусия, Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Молдавия, Қирғизистон ва Қазоқистон гардид. Ҳайати доварони озмун таҳти раёсати овозхони машҳур Пӯлод Булбулӯғлӣ ғолибони озмунро муайян намуд. Дар озмун намояндагони беш аз 10 мамлакати собиқи шӯравӣ ширкат варзид. Аз Тоҷикистон дар ин озмун шоира Дилором ғолиб омад ва сазовори диплом гардид. Ҳамзамон дар доираи мулоқоти III-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви ИДМ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони маъруфи доираҳои илмию фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ мулоқотҳои судманд анҷом дод. Ӯ аз ҷумла бо вазири маориф ва илми Қазоқистон Ҷонсаид Тӯймабаев, вазири фарҳанги Арманистон Асмиг Погосян, Сафири фавқулодда ва мухтори Озарбойҷон дар Федератсияи Русия Пӯлод Булбулӯғлӣ, вазири фарҳанг ва туризми Молдова Артур Козма, муовини вазири маорифи Беларус Т. Ковалева, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон Тамара Обозова, академики Академияи илмҳои Украина Владислав Гончарук, Котиби генералии Иттиҳоди иқтисодии Евразия Тоҳир Мансуров, намояндаи воломақоми ЮНЕСКО Любава Морева, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидко, ёвари Президенти Федератсияи Русия Ҷаҳон Поллиева ва дигар шахсиятҳои намоён мулоқот кард. Мусоҳибони Эмомалӣ Раҳмон, ба ибтикори ӯ оид ба «Соли адабиёт ва китобхонӣ» эълон намудани соли 2008, ки натиҷаҳои хуб ба бор меорад, баҳои баланд доданд. Ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиёи кишвар дар бораи бузургдошти хотираи намояндагони машҳури илму фарҳанг ва адаби тоҷику форс ва дигар чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангӣ, ки ҳар сол дар кишвари мо ба роҳ монда мешаванд, мавриди дастгирию пуштибонӣ қарор гирифт, зеро ба андешаи меҳмонон бе омӯзиши гузашта ояндаи худро сохтан мушкил аст. Дар фарҷоми қисми расмии мулоқот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ барои саҳми намоён ва арзандаи таҳсинаш дар ташкил додани фазои ягонаи иттилоотии кишварҳои аъзои ИДМ медали тиллоии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ширкати байнидавлатии радиою телевизиони «Мир «Ниҳоли дӯстӣ» тақдим карда шуд. Ёдрас мекунем, ки мулоқоти мазкурро ҳар сол Бунёди байналхалқии ҳамкории гуманитарӣ бо давлатҳои ИДМ-и Федератсияи Русия баргузор месозад. Дар бораи таъсиси бунёди мазкур соли 2006 дар шаҳри Душанбе созишнома имзо шуда буд. Мулоқоти нахустини зиёиёни илмӣ ва эҷодкори мамлакатҳои ИДМ соли 2006 дар Маскав ва мулоқоти дуюм соли 2007 дар шаҳри Остона гузаронида шуданд. Тибқи қарори қабулшуда мулоқоти чоруми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори мамлакатҳои ИДМ дар Молдавия баргузор мегардад.

Сентябрь 22, 2008 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд