МАШҚИ ҲАРБИИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова).- Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Белорусия — шаҳри Минск даври дуюми машқи ҳарбии ҳайатҳои қумондонии ситодҳои зудамали мамлакатҳои ИДМ таҳти унвони «Бастион — Антитеррор- 2008» баргузор мегардад. Машқи мазкур мувофиқи барномаи ҳамкории давлатҳои ИДМ дар мубориза ба муқобили терроризм ва зуҳуроти дигари зӯроварию ифротгароӣ дар давраи солҳои 2008 -2010 ва низомномаи фаъолияти Маркази зиддитеррористии мамлакатҳои ИДМ гузаронида мешавад. Дар ҷараёни машқ тартиби ташкил ва амалӣ сохтани тадбирҳои гуногуни муштараки таъҷилӣ бо мақсади ошкор сохтан ва собит намудани фаъолияти зиддиқонунии аъзои созмонҳои террористии байналхалқӣ, тафтиши самаранокии муҳофизати муассисаҳои мудофиаи шаҳрвандӣ аз террористон, намоиши роҳу усулҳои нави тактикии дар ҷараёни пешгирии фаъолияти террористӣ истифодашаванда ва ғайра санҷида ва мувофиқа карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дирӯз, 10 сентябр дар Минск мулоқоти роҳбарони мақомоти зиддитеррористии мамлакатҳои ИДМ баргузор гардид. Машқи мазкур таҳти сарпарастии Маркази зиддитеррористии ИДМ ва Кумитаи амнияти давлатии Белорусия гузаронида мешавад. Дар он ҳайатҳои мақомоти амният ва хадамоти махсуси мамлакатҳои Иттиҳод, намояндагони муассисаҳои кории ИДМ, СААД, кумитаи иҷроияи Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва намояндагони низомии хориҷии дар Белорусия қарордошта ширкат меварзанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






