МАСЪУЛИЯТИ ЧИНАКЧИЁН

Сентябрь 19, 2008 10:55

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ноҳияи Бохтар дуюмин ноҳияи калонтарини пахтакори вилояти Хатлон маҳсуб мешавад. Тибқи дурнамои истеҳсолӣ, соли ҷорӣ дар ноҳияи Бохтар ҷамъоварии 30 ҳазору 150 тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, суръати пахтачинӣ дар ин ноҳия баланд аст. Чинакчиёни хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҳар рӯз то 600 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Дар асоси ба роҳ мондани сиёсати дурусти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ин ноҳия ба кори ҷамъоварии пахта 19 ҳазору 200 нафар чинакчиён ва 250 нафар ёрдамчиён сафарбар гардидааст. То 15 сентябр ҳамаи хоҷагиҳои пахтакор бештар аз 8 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Албатта ин миқдор пахтаи ҷамъоваришуда нисбат ба шумораи аҳолии ба пахтачинӣ сафарбаргардида камтар аст, аммо дар сурати ҳавасманд намудани чинакчиён миқдори ҷамъоварии пахта метавонад боз як маротиба зиёд карда шавад.

Сентябрь 19, 2008 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид