МЕВАИ ФАРОВОН
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуот ва иттилоотии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ нақшаи ҷамъоварии меваро ба 165 фоиз расонд. Боиси ёдоварист, ки соли ҷорӣ ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ аз рӯи нақшаи пешбинишуда 1790 тонна мева ҷамъоварӣ карда, як қисми онро ба корхонаҳои коркард ва қисми дигарашро пешкаши аҳолӣ мегардонад. То 15 сентябр дар ин ноҳия ба ҷои 1790 тоннаи дар нақша пешбинишуда, бештар аз 2950 тонна мева ҷамъоварӣ гардид, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2007 835 тонна зиёд аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






