МИҚДОРИ НОКИФОЯИ НУРӢ

Сентябрь 19, 2008 11:02

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини аввали вазири кишоварзӣ Султон Валиев, соли ҷорӣ аз ҷониби ширкатҳо нуриҳои минералӣ барои соҳаи пахтакорӣ ба таври зарурӣ таъмин карда нашуд. Мувофиқи талабот барои соҳаи пахтакорӣ хоҷагиҳо ба 255 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ зарурат доштанд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ба хоҷагиҳо танҳо 68 ҳазору 713 тонна нурӣ дастрас гардид, ки ин 27 фоизи талаботро таъмин мекунад. Бо вуҷуди ташкил ёфтани нуқтаҳои фурӯш дар ноҳияҳои вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хоҷагиҳо ба миқдори зарурӣ нурии минералӣ, ки асоси баландҳосилист, таъмин нагардиданд, аз ин маълум мешавад, ки соли ҷорӣ ҳосили хуби пахта ба даст оварданаш то дараҷае мушкил мегардад.

Сентябрь 19, 2008 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад