МОДЕЛСОЗИ ҚАЗОҚ ҲУНАРАШРО БА ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК МЕОМӮЗАД
Душанбе, 20. сентябр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Имрӯз моделсоз ва ороишгари либосҳои навбаромад аз Ҷумҳурии Қазоқистон Гулнора Ибрайшина ба донишҷӯёни Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Либосҳои навбаромади соли 2009» машғулият мегузаронад. Худи Гулнора ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ӯ дар давоми як соати машғулият ба донишҷӯён дар бораи либосҳои навбаромади миллию аврупоӣ ва тарзу усулҳои нави ороиши либос, инчунин усулҳои нави буридани матоъ ва зебу оро додани либос нақл мекунад. Г.Ибрайшина афзуд, ки донишҷӯёни тоҷикро бо асрори ҳунари хеш аз наздик шинос хоҳад кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






