МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ СОҲАИ БАЙТОРӢ
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова).- Имрӯз дар ҷараёни мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо раиси созмони байналхалқии табобати бемориҳои чорво дар Аврупо Никол Белев проблемаҳои табобати бемориҳои чорвои хонагӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналхалқӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Зимни сӯҳбат изҳор шуд, ки афзоиши бемориҳои соҳаи чорводорӣ барои тамоми мамлакатҳои ҷаҳон яке аз проблемаҳои ҷиддӣ ба шумор меравад. Ҳар сол бар асари бемории чорво дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 200 миллиард доллари ИМА талаф дода мешавад. Сарвазир зикр кард, ки маҳсулоти чорво 32 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ташкил медиҳад. Қайд карда шуд, ки соҳаи чорводорӣ сол то сол тараққӣ мекунад. Меҳмон изҳор намуд, ки созмон тайёр аст, дар ин соҳа бо Тоҷикистон самарабахш ҳамкорӣ кунад. Иқдоми аввалин дар бобати расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар ин масъала аттестатсияи кормандони соҳаи байторӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 аъзои Созмони байналмилалии табобати бемориҳои хонагӣ гардида буд. Созмони мазкур айни ҳол 52 мамлакати ҷаҳонро муттаҳид месозад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо ташаббуси созмони мазкур айни ҳол дар Душанбе бахшида ба проблемаҳои соҳаи байторӣ семинар гузаронида мешавад. Тарҷумон — А. Қудратов.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






