МУЛОҚОТ ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Кормандону мутахассисони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо ҳайати Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ таҳти роҳбарии мушовири он Вайн Трофтал мулоқот карданд. Зикр шуд, ки ҳадафи ташрифи ҳайати корпоратсия ба Тоҷикистон омӯзиши низоми андозбандӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Коршиносони корпоратсия қабл аз ин низоми андозбандиро дар мамлакатҳои Африқо ва Осиё омӯхта буданд. Аз рӯи натиҷаҳои таҳлил ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод карда мешавад. Дар мулоқот сармутахассиси Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва барномасозии Вазорати кишоварзӣ Б.Табаров дар бораи системаи андозбандӣ дар соҳа маълумот дод. Вай зикр кард, ки айни ҳол дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ андози ягона, андози замин ва андози арзиши илова гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон барои ворид намудани техникаи кишоварзӣ андоз гирифта намешавад. Ҳар ду ҷониб дар фарҷоми мулоқот паймон карданд, ки ҳамкориро барои бартараф сохтани мушкилоти пешрафти соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ давом диҳанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






