МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО СОҲИБКОРОНИ АМРИКО

Сентябрь 27, 2008 09:12

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Амрико            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мулоқоти судманд бо соҳибкорони бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дод, ки аз ҷониби Шўрои соҳибкории ду кишвар ташкил ёфта буд.          Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони Амрикоро бо нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, беҳтаршавии фазои сиёсӣ ва инвеститсионии кишвар, бунёди инфрасохтори мусоид барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ ва ѓайра шинос намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуд.             Аз суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи воломақоми Департаменти давлатии Амрико Ҷорҷ Крол бармеояд, ки ҳарду кишвар ба рушди ҳамкориҳо дар сатҳи соҳибкорон ҳавасманданд ва ба ин кор мусоидати фаъол мекунанд. Ҷорҷ Крол, аз ҷумла изҳор дошт: — «Мо дўсту шарики Тоҷикистон будем ва боқӣ мемонем ва ба рушди он мусоидат мекунем, то мусоидат кунем ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ». Ў ҳамчунин мавқеи геополитикии Тоҷикистон ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакатро баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими амнияту субот дар минтақа ва дар оянда бо нерўи барқ таъмин намудани Афѓонистон бисёр муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт: — «Тоҷикистон ҳамеша дар маркази диққати Амрико» қарор дорад.              Байни Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони амрикоӣ сўҳбати озоду ошкоро ва самарабахш сурат гирифт. Роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон чун як соҳибкоре, ки дар Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад, ба фазои сармоягузории он баҳои баланд дода, дигар соҳибкорони амрикоиро ба ба ҳамкорӣ бо кишвари мо даъват намуд.             Зимни саволу ҷавобҳо ҳавасмандии зиёди соҳибкорони Амрико баҳри ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аён гашт. Таваҷҷўҳи зиёд ба захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон, аз ҷумла нафту газ ва дигар навъҳои сўзишворӣ ва ба туризми кўҳӣ зоҳир гардид.         

Сентябрь 27, 2008 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад