МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ТАЛАБАГОН
Қӯрғонтеппа , 1 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал имрӯз зимни суханрониаш дар ҷамъомади ботантана дар шаҳри Қӯрғонтеппа талабагони вилоятро бо оғози соли нави таҳсил табрик намуд. Вай ба фаъолияти омӯзгорони мактабҳои шаҳр баҳои баланд дода, зикр намуд, ки ҳоло дар маркази вилоят 10 мактаби миёна, 3 литсей ва 15 боғчаи бачагона фаъолият доранд. Роҳбарияти мамлакат ва вилоят ба мушкилоти соҳаи маориф диққати ҳамешагӣ зоҳир намуда, барои бартараф сохтани онҳо тадбирҳои самарабахш меандешанд. Бо компютерҳо таъмин намудани мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят давом дорад, гуфт Ғ.Авзал. Раиси вилоят ва ҳамроҳонаш баъди ҷамъомади идона дар яке аз синфҳои мактаби миёнаи рақами 11 шаҳри Қӯрғонтеппа дар дарси сулҳ ширкат варзиданд. Онҳо баъдан бо талабагону омӯзгорон ҳамсӯҳбат шуданд. Ҳоло дар мактабҳои шаҳр зиёда аз 19 ҳазор талаба таҳсил мекунад. Имсол ба синфҳои якуми мактабҳои шаҳр 130 талаба қабул карда шуд. Раиси вилояти Хатлон Ғ.Авзал имрӯз инчунин бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқот анҷом дод. Тарҷумон — А. Қудратов.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






