МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АНҶОМ ЁФТ
Брюссел, 2 сентябр. ( АМИТ «Ховар» — Евронюс).- Дар фарҷоми мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо бахшида ба проблемаи Қафқоз нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Дар эъломияи мулоқот гуфта мешавад, ки натиҷаҳои даври навбатии гуфтушуниди Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар масъалаи таҳия намудани созишномаи ҳамкории стратегӣ ба иҷрои қарордоди қатъи муноқиша дар Гурҷистон вобаста мебошад.Президенти Фаронса Николя Саркози изҳор намуд, ки тамоми мамлакатҳои узви Иттиҳоди Аврупо тарафдори сулҳ мебошанд. Вале онҳо аз Русия талаб хоҳанд кард, ки якпорчагии қаламрави давлатҳои ҳамсояро эҳтиром кунад. Хабар дода шуд, ки 8 сентябр, ҳайати Иттиҳоди Аврупо барои гуфтушунид бо роҳбарияти Русия ба Маскав фиристода мешавад. Раиси комиссияи Аврупо Жозе Мануэл Баррозу зикр кард, ки воқеаҳои Қафқоз проблемаи ҷиддиеро ба миён овард, ки ба муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Русия дахл дорад. Ҳалли мусолиматомези ин проблема ба манфиатҳои ҳам Русия ва ҳам Иттиҳоди Аврупо мувофиқат мекунад.Масъалаи муқаррар намудани мақоми Обхозистон ва Иристони Ҷанубӣ муҳокимаи байналмиллалиро талаб менамояд гуфт Баррозу.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






