МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ РУСИЯ ВА ГУРҶИСТОН ҚАТЪ КАРДА МЕШАВАД
Маскав, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Дар Гурҷистон ташкили намоишҳо ба муқобили ба истилоҳ таҷовузи Русия ба қаламрави ин мамлакат давом доранд. Намоишгарон аз Русия талаб мекунанд, ки қисмҳои ҳарбии худро аз минтақаҳои ишғолшудаи Гурҷистон барорад. Вале Русия ин минтақаҳоро бетараф меномад. Рӯзи ҷумъа чунин намоиш дар наздикии деҳаи Чхорушкии назди сарҳади Обхозистон баргузор гардид. Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон хабар дод, ки муносибатҳои дипломатии ин ҷумҳурӣ бо Русия қатъ карда мешаванд. Ба қавли муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон, дар Маскав ва Тифлис танҳо кормандони сафоратхонаҳо ва коргарони техникӣ боқӣ мемонанду халос. Вале Президенти Русия Д.Медведев рӯзи ҷумъа зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон бори дигар изҳор намуд, ки қисмҳои ҳарбии ҳомии сулҳи Русия дар Гурҷистон мувофиқи ҳуқуқи байналмилалӣ амал карданд. Вай бори дигар изҳор намуд, ки қарори эътирофи истиқлолияти Обхозистон ва Иристони Ҷанубӣ бекор карда намешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






