МУСОБИҚАИ ТИРПАРРОНИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НИЗОМӢ
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Рӯзҳои гузашта мусобиқаи анъанавии тирпарронӣ аз аслиҳаи оташфишон дар байни кормандони мақомоти муҳофизи қонунӣ, низомӣ ва интизомии ҷумҳурӣ анҷом ёфт, ки ба иди истиқлолияти мамлакат бахшида шуд. Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби вазорати корҳои дохилӣ, вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи мулкӣ, агентии назорати маводи нашъадор, Ташкилоти ҳамёри мудофиа, пойгоҳи низомии 201 — уми Русия ва баъзе сафоратхонаҳо ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки тирандозони Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти ҷумҳурӣ дар ин мусобиқа ҷои дуюмро соҳиб гардиданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






