МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОН
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии маркази вилоят ҳамроҳи созмони ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Хоруғ мусобиқаи волейболбозон баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаи волейболбозони шаҳри Хоруғ сазовори ҷои аввал гардид. Ин даста 1500 сомонӣ мукофот гирифт ва сазовори ҷоми раиси шаҳри Хоруғ гардид, ки ба хотири яке аз варзишгарони маъруфи Бадахшон Рашидбек Вафоев таъсис дода шудааст. Дастаи варзишгарони деҳоти Мирсаид Миршакар соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи волейболбозони деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа соҳиби ҷои сеюм гардида, бо маблағи 800 ва 500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






