МУСОФИРКАШОНӢ БЕҲТАР ШУД

Сентябрь 23, 2008 09:13

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ мусофиркашонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар шуд. Дар давоми моҳҳои январ – августи соли 2008 тавассути нақлиёти роҳи оҳан 511,6 ҳазор нафар мусофир кашонда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 3,1 фоиз зиёд аст. Дар қитъаи душанбегии роҳи оҳани Тоҷикистон дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 309,3 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст. Дар ин муддат дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд 137,4 ҳазор нафар ва дар қитъаи роҳи оҳани Хатлон 64,9 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст. Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои боз ҳам пурсамар гардонидани кори мусофиркашонӣ тадбирҳои беҳтарро пайгирӣ мекунад.

Сентябрь 23, 2008 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид