НАҚША ИҶРО МЕШАВАД
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов, ноҳияи Ёвон соли ҷорӣ аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта ба хубӣ баромада метавонад. Барои ин ҳамаи асосҳо вуҷуд доранд. Тибқи нақша, хоҷагиҳои пахтакори ин ноҳия соли ҷорӣ 32 ҳазору 100 тонна пахта ба хирмани умумии «Ҳосил- 2008» супориданианд. Дар ин рӯзҳо дар пахтазор бештар аз 13 ҳазор нафар чинакчиёну ёрдамчиён ба ҷамъовари пахта мебароянд ва ба ҳисоби миёна ҳар яки он 43,7 килограмм пахта меғундоранд. Дар як рӯз дар ноҳия бештар аз 890 тонна пахта ҷамъоварӣ мегардад. Аз аввали мавсим то имрӯз дар ноҳия 9 ҳазору 100 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин ба 27,8 фоизи нақша баробар мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






