НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ИҶРО ШУД!

Сентябрь 17, 2008 15:02

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 17 сентябр хоҷагии деҳқонии «Зафар»-и ноҳияи Зафаробод дар ноҳия аввалин шуда нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард. Раиси хоҷагии мазкур Қурбоналӣ Суннатуллоев зимни сӯҳбати телефонӣ бо мухбири Амит «Ховар» гуфт, ки деҳқонони хоҷагӣ мебоист, аз 70 гектар замин 144 тонна пахта ҷамъ оварда, ба марказҳои қабули ноҳия месупориданд. Онҳо имрӯз ба ваъдаи худ вафо карданд. Дар хоҷагӣ аз ҳар гектар 22 сентнерӣ ҳосил гирифта шуд. Пахтакорон ният доранд, ки то охири сол боз 65 тонна пахта ба даст оваранд. Қобили қайд аст, ки хоҷагии деҳқонии «Зафар» соли 1996 ташкил ёфта, дар ноҳияи Зафаробод калонтарин хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Хоҷагӣ 130 гектар замин ва 60 коргар дорад. Қурбоналӣ Суннатуллоев ёдовар шуд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 ба хоҷагии деҳқонии «Зафар» ташриф оварда, баҳри баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи самараноки замин дастуру маслиҳатҳои муфид дода буд. «Мо муроҷиатномаи Президенти кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз кишти такрорӣ самарабахш истифода мебарем. Соли ҷорӣ дар хоҷагӣ 2 гектар боғ ва 0,5 гектар токзор бунёд карда шуд», — гуфт раиси хоҷагӣ.

Сентябрь 17, 2008 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид