НАМОИШИ ЛИБОСҲОИ НАВБАРОМАД
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- 19 сентябр дар маркази «ВЕФА» — и пойтахт дар доираи ҷашнвораи байналхалқии ҷавонон, таҳти унвони «Ороиш — 2008» намоиши либосҳои навбаромад баргузор гардид. Дар он 7 нафар либосдӯзони касбӣ ва 12 нафар донишҷӯ иштирок дошт. Дар байни онҳо моделсози тоҷик Мавлуда Ҳамроева беҳтарин дониста шуд. Аъзои ҳайати байналмиллалии доварон аз Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон Мавлуда Ҳамроеваро моделсози беҳтарини сол эътироф намуданд. Дипломи махсуси Иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Қазоқистон насиби У.Кучкалиев гардид. Моделсози тоҷик Ҷ Ҳотамов дар бахши офаридани либосҳои қадимаи миллӣ ҷои аввалро ишғол кард. Моделсозон Беҳрӯз Имонов ва Тахмина Назарова дар бахши офаридани либосҳои навбаромади аврупоӣ ба ҷои аввл соҳиб гардиданд Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар либосҳои пешниҳоднамуди иштирокчиёни озмун манзараҳои гуногун аз достони «Шоҳнома», ҷанги форсҳо ва юнониён, мазмунҳои арабию ориёнӣ тасвир ёфта буданд. Либосҳо, сарпӯшҳо ва сарбандҳои пешниҳоднамудаи онҳо бо риштаҳои заррин, сангҳои қимматбаҳо ва нақшу нигори миллӣ оро ёфта буданд. Пешгӯӣ кардан мумкин аст, ки либосҳои дар озмун намоишдодашударо ояндаи наздик ҳаводорони либосҳои навбаромад дар зиндагии ҳаррӯзаи худ истифода хоҳанд бурд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






