НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо, Пайрав Назаров).-Рӯзҳои 8-10 сентябри соли ҷорӣ дар маркази ВМКБ -шаҳри Хоруғ ярмака ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Сокинони шаҳри Хоруғ аз дастранҷи кишоварзони ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон бархурдор шуданд. Дар намоиш аслан себу, анор, ангур , харбузаю тарбуз бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон карда шуданд. Роҳбарони раёсати кишоварзии навоҳии номбурда Исрам Раҳмонов ва Гулаёз Ниёзов иброз доштанд, ки шукронаи истиқлолият бояд гуфт. Зеро ба туфайли сулҳу амнияти кишвар деҳқон бо меҳнати озоди худ рӯзгорашро беҳбудӣ ме6ахшад. Дар назар аст, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Хоруғ боз чунин ярмарка ва фурӯши маҳсулоти кишоварзони навоҳии Ванҷу Рӯшон ташкил карда хоҳад шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






