НАШРИ АШЪОРИ РӮДАКӢ ДАР КИРҒИЗИСТОН
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нашриёти «Олтин тамға»-и Қирғизистон маҷмӯаи ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо номи «Рӯдакӣ – Одамушшуаро» аз чоп баровард. Дар китоб шеърҳои устод Рӯдакӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ чоп шудаанд. Шеърҳои Рӯдакиро аз забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву қирғизӣ шоирони қирғиз ва рус тарҷума кардаанд. Ҳадафи нашри маҷмӯа ташвиқи ашъори Рӯдакӣ дар Қирғизистон буда, ба тақвияти робитаҳои фарҳангии тоҷикону қирғизҳо мусоидат мекунад. Мураттиб ва масъули нашри китоби «Рӯдакӣ — Одамушшуаро» омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон Шоистаи Равшан мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






