ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ТЕАТР
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар, Тахмина Ғоибназарова).- Имрӯз дар Театри давлатии ҷавонони ҷумҳурӣ ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мавсими 37- ум оғоз меёбад. Мавсими нави театрӣ бо намоиши асари саҳнавии «Зани сарватманд» шурӯъ мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки асари саҳнавии мазкур аввали ҳамин моҳ дар шаҳри Алмаато дар ҷашнвораи байналхалқии театрҳо сазовори ду ҷоизаи асосӣ гардид. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов барои иҷрои нақши беҳтарини мардона сазовори ҷоиза шуд. Директори театр С. Абдуллоев зикр намуд,ки мавзӯи асосии асари саҳнавиро муносибатҳои мураккаби инсонӣ, қувваи маънавии қаҳрамонон ва зарурати ба даст овардани пул ва сарвату боигарӣ дар зиндагӣ ташкил медиҳад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






