ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Сентябрь 1, 2008 15:16

               Душанбе, 1 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Имрӯз дар тамоми мактабҳои мамлакат соли нави таҳсил оғоз ёфт. 1 сентябр дар мактабҳои миёна ҳамчун Рӯзи дониш ва дар мактабҳои олӣ ҳамчун Рӯзи илм таҷлил карда шуд.               Мухбири АМИТ «Ховар» 1 сентябр дар ҷамъомади идонаи талабагону омӯзгорони мактаби миёнаи рақами 78- и пойтахт иштирок намуд.            Имсол ба синфҳои якуми мактаби мазкур 210 писару духтар қабул карда шуд. Дар мактаб бештар аз 2000 талаба таҳсил мекунад.            Директори мактаб Мушаррафа Тӯраева ҷамъомадагонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрик намуда, дар бораи дастовардҳои талабагон нақл намуд. Вай зикр кард, ки талабаи синфи 11 Роза Гулова моҳи июни соли равон дар шаҳри Маскав дар озмуни байналмилалии забони русӣ иштирок намуда, дар байни намояндагони 135 шаҳри ИДМ соҳиби ҷои аввал гардид. Дар Маскав ба ӯ пешниҳод карданд, ки ба кадом мактаби олӣ, ки хоҳад, бе имтиҳон қабул карда мешавад. Вале Роза Гулова қатъан изҳор намуд, ки ба Тоҷикистон баргашта, ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дохил мешавад.             Пиразани нуронӣ Надежда Корх маҳз барои табрики наберааш Нигина Комилова аз Маскав ба Душанбе омадааст. Надежда Корх 84 сола, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Вай ба солхӯрдагиаш нигоҳ накарда, ба Тоҷикистон омад ва дар ҷамъомади мактаб ширкат варзид. Ӯ талабагони тоҷикро аз номи талабагони Маскав табрик намуда, ба онҳо хониши хубу аъло орзу кард ва маслиҳат дод, ки дар оянда барои таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику рус кӯшиш ба харҷ диҳанд.            Дар ҷамъомад намояндагони вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Раёсати маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ширкат варзиданд.            Аз рӯи маълумоти вазорати маориф, имсол ба синфҳои якуми мактабҳои мамлакат 7 2 ҳазор талаба қабул карда шуд                                                                                                                       Тарҷумон — А. Қудратов

Сентябрь 1, 2008 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд