ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ НАВИ СИРК

Сентябрь 3, 2008 12:01

            Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Ҳунарпешагони сирки давлатӣ ба мавсими нави фаъолияти худ тайёрӣ мебинанд, ки 20 декабр кушода мешавад. Директори тсирк Ҷамолиддин Муҷиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол машқи барномаи нав давом дорад. Ҳунарпешагон дар оғози мавсими нав барномаи солинавиро пешкаши тамошобинон мегардонанд. Барнома ҳунарнамоии гимнастҳо, чашмбандҳо ва дорбозону шӯъбадабозонро дар бар мегирад.           Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки директори сирк дар бораи ҷузъиёти барномаи нав маълумоти муфассал надода, зикр намуд, ки ба он тамошобинон баҳо хоҳанд дод. Ҳунарпешагони тсирк дар мавсими нав саҳнаҳои ҷолиби диққатро бо иштироки ҳайвонот намоиш хоҳанд дод. Ба қавли Ҷ.Муҷиддинов, ин барнома комилан нав мебошад.           Дар мавсими нав ҳамроҳи ҳунарпешагони собиқадори сирк дастпарварон ва шогирдони студияи назди сирк низ ҳунарнамоӣ мекунанд. Намоишҳои аввалини сиркро тарбиягирандагони хонаҳои бачагон, интернатҳо ва фарзандони хонаводаҳои камбизоат бепул тамошо хоҳанд кард.

Сентябрь 3, 2008 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид