ОРКЕСТРИ СИМФОНИИ ҲУНАРПЕШАГОНИ ҶАВОНИ ИДМ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Сентябрь 13, 2008 10:48

            Маскав, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Оркестри симфонии мутрибони ҷавони мамлакатҳои ИДМ, ки бо ташаббуси Филармонияи давлатии академии Маскав бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкорӣ ба манфиати инсони давлатҳои ИДМ таъсис ёфтааст, 17 сентябр ба сафари эҷодӣ баромада, дар мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекунад.           Оркестри мазкур дар ҷараёни мулоқоти сеюми зиёиёни эҷодкори мамлакатҳои ИДМ 18 сентябр ба Душанбе ташриф меорад. Ҳунарпешагон асарҳои Бетховен, Вагнер, Россини, Верди, Штраус, Рахманинов ва бастакори тоҷик Қудратулло Ҳикматовро иҷро хоҳанд кард. Аз Тоҷикистон ба оркестри мазкур ду нафар ҳунарманд — Маҳмуд Сангинов ва Сайидо Амонов шомил мебошанд. Оркестр аз ҷумлаи мутрибони маъруфи Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Молдавия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина созмон дода шудааст.

Сентябрь 13, 2008 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид