ОЗМУНИ «ПАНҶ СИТОРАИ ИНТЕРВИЗИОН» СОЛИ 2009 ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Озмуни байналхалқии суруди «Панҷ ситораи интервизион» дар соли 2009 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар вазорати фарҳанги мамлакат овозаҳоро дар бораи баргузор нагардидани озмуни мазкур дар Тоҷикистон рад намуданд.Ҷумҳурии мо дар амал нишон дода метавонад, ки барои гузаронидани чунин ҷамъомадҳои калони фарҳангӣ аз шаҳри Сочӣ камӣ надорад. Тайёрӣ ба озмун аллакай шурӯъ шудааст. Айни ҳол тадбирҳои омодагӣ бо кумитаи тадорукоти Русия мувофиқа карда мешаванд. Тавре хабар дода шуда буд, 31 август озмуни мазкур дар шаҳри Сочӣ баргузор гардид. Дар он намояндаи Тоҷикистон сазовори ҷоизаи асосӣ шуд. Мувофиқи қоидаҳои озмун, иштирокчии ғолиб ҳақ дорад, ки озмуни навбатиро дар мамлакати худ баргузор созад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






