ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ ОЛИМОНИ БЕҲТАРИН ҶАМЪБАСТ КАРДА ШУД
Хуҷанд, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дар шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии олимони беҳтарин ҷамъбаст карда шуд. Ба ғолибони озмун ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи адабиёт ва ҳунар ва ба номи Бобоҷон Ғафуров дар соҳаҳои илму техника супорида шуданд. Нависанда Мубинҷон Юсуфов барои китоби «Ситораҳо дар осмони ориёӣ», коргардон Ориф Набиев барои таҳияи намоишномаи ҷамъомадҳои идона, муҷассамасоз Даврон Раҳматов барои офаридани муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ва олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рустам Юлдошев ва Ҳабибулло Тоатов барои асари илмии «Хатлон» дар масири таърих» сазовори ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардиданд. Ба олимону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Наимҷон Рауфов, Камолиддин Қозиев ва Мақсудҷон Умаров ҷоизаи илмии ба номи Б. Ғафуров дода шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷоизаҳо ва мукофотҳои пулиро ба ғолибон раиси вилояти Суғд Қ.Расулзода супорид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






