ПӮШОНИДАНИ ЗАРАР

Сентябрь 10, 2008 11:34

Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии аз Раёсат растанипарварии Вазорати кишоварзӣ бадастомада, кишти такрории зироатҳо бо мақсади пӯшонидани зарари аз хунукӣ ва хушксолӣ ба соҳаи кишоварзӣ расида, зиёд карда шуд. Кишоварзон дар масоҳати 15 ҳазору 310 гектар зироатҳои ғалладонагӣ , 11 ҳазор гектар картошка, 1162 гектар сабзавот , 786 гектар полезӣ ва 297 гектар зироатҳои техникӣ ва дар масоҳати 12 ҳазору 58 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт намуданд, ки ин нисбат ба соли 2007 19 ҳазору 661 гектар зиёд аст. Хоҷагиҳо боварӣ доранд, ки зарари аз хунукии зимистони соли 2008 ва хушксолии соли ҷорӣ ба соҳаи кишоварзӣ расидаро бо ҷамъоварии ҳосили дуюм пӯшонда метавонанд.

Сентябрь 10, 2008 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар