ПОЙГАИ ДӮСТӢ ДАР ДУШАНБЕ БА ОХИР МЕРАСАД
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Пойгаи дӯстии байналхалқии варзишгарони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бахшида ба даҳсолагии шаҳри Остона ва Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин аз пойтахти Қазоқистон сар шуда, дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба охир мерасад. 15 нафар варзишгар аз чор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар давоми 27 шабонарӯз машъал ба даст се ҳазору 412 километрро тай мекунанд. Онҳо аз Остона ба Бишкек, баъдан ба Тошканд ва аз он ҷо ба Душанбе меоянд. Ҳадафи пойгаи мазкур ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, тавсиаи равобити фарҳангию иҷтимоии миллатҳои гуногун ва таҳкими анъанаҳои дӯстии халқҳо мебошад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






