ПОСГОҲИ САРҲАДӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Сентябрь 15, 2008 10:45

        Душанбе, 15  сентябр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Дар  ҳудуди  вилояти  Хатлон,  дар  минтақаи  сарҳади  Тоҷикистону  Афғонистон баъди таъмири  куллӣ  посгоҳи  сарҳадии  «Сари  ғор»  кушода шуд.  Барои тармими   посгоҳи  мазкур Шӯъбаи назорати  маводи  нашъадор  ва  таъмини  тартиботи  қонуни сафоратхонаи  ИМА  дар Тоҷикистон 425  ҳазор  доллар  ҷудо  кард.          Дар  маросими  ифтитоҳи  посгоҳи  сарҳадӣ сардори  Ситоди  кулли артиши  марзбони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  генерал – майор Шараф  Файзуллоев,  намояндаи  муваққатии  ИМА  дар  Тоҷикистон Ниша  Квост  ва дигарон  ширкат  варзиданд.Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  Шӯъбаи  назорати маводи  нашъадор  ва таъмини тартиботи  қонуни  сафорати ИМА  дар  Тоҷикистон  соли  2007  посгоҳҳои  сарҳадии «Боғ» ва «Баҳорак» — ро  тармим  карда  буд. Айни  ҳол  бо  маблағи  сафорати  Амрико  дар  минтақаи  Шӯрообод се  посгоҳи  сарҳадӣ  тармим  карда  мешаванд.  Сафорати  ИМА  дар  оянда  тармими бинои  гузаргоҳи  сарҳадии  «Қулма» — ро   дар  сарҳади Тоҷикистону  Чин  ва бинои  гузаргоҳи  сарҳадии  «Қизиларт» — ро  дар  сарҳади  Тоҷикистону  Қирғизистон  ба  нақша  гирифтааст.

Сентябрь 15, 2008 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст