ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ПРЕЗИДЕНТИ ПОКИСТОНРО ТАБРИК НАМУД

Сентябрь 11, 2008 17:33

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба унвони Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ барқияи шодбош фиристод. Дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Ҷаноби аълоҳазрат, табрикоти самимонаи маро ба муносибати интихоб гардиданатон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон қабул фармоед. Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои мутақобилан муфиди худ бо Покистон баҳои баланд медиҳад, ки ҷавобгӯӣ манфиатҳои миллии ҳар ду давлат мебошанд. Умед аст, ки муносибатҳои мутақобилан муфид ва доманадори Тоҷикистону Покистон дар заминаи принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои дуҷониба боз ҳам бештар ривоҷ хоҳанд ёфт. Аз фурсати мусоид истифода бурда, изҳор менамоям, ки мо тайёрем, ҳамроҳи Шумо барои вусъати минбаъдаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон кӯшиш ба харҷ диҳем. Ба Шумо, ҷаноби аълоҳазрат, саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Покистон сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».

Сентябрь 11, 2008 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд