ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ НИСБАТИ Д. АТОВУЛЛОЕВ ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ КУШОД

Сентябрь 23, 2008 14:52

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилӣ 23 сентябр нисбати муассиси нашрияи «Чароғи рӯз», роҳбари ҷунбиши «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ кушод. Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои 307 (даъвати оммавӣ ба зӯран тағйир додани сохти конститутсионии ҷумҳурӣ) ва 137 (таҳқири оммавии Президенти Тоҷикистон ва тӯҳмату бӯҳтон нисбати ӯ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд. Роҳбари дафтари матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев зикр кард, ки Додоҷон Атовуллоев ҷустуҷӯ карда, айни ҳол барои дастгир намудани он тадбирҳо андешида мешаванд. Бояд гуфт, ки Прокурори генералии ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов моҳи июл зимни нишасти матбуотӣ Д.Атовуллоевро, «террористи иттилоотӣ» номида буд ва ҳамон вақт аз ҷумла, зикр карда буд, ки Д.Атовуллоев дур аз ватан, дар хориҷи кишвар зиндагӣ карда, дар хабару мақолаҳояш шаъну шараф ва эътибори миллати тоҷикро паст зада, шӯҳрати давлати тоҷиконро таҳқир менамояд. «Д.Атовуллоев шахси беватан буда, ҳеҷ гоҳ роҳбари ягон созмон нахоҳад гашт», — гуфта буд Бобоҷон Бобохонов. Вай ҳамон вақт таъкид карда буд, ки агар Д.Атовуллоев тӯҳмату бӯҳтони худро идома диҳад, мо маҷбур мешавем, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ кушоем. Д.Атовуллоев ҳатман дастгир карда мешавад ва дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод, гуфта буд прокурори генералӣ.

Сентябрь 23, 2008 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

1 август дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» навсозӣ мешавад
Ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид
1 август дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
31 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
МегаФон Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушд додани варзиш дар ҷумҳурӣ идома медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон дар барномаи байналмилалӣ оид ба амнияти киберӣ ва идоракунии зеҳни сунъӣ дар Чин иштирок намуд
Дар шаҳри Кӯлоб 120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони тиб пардохт карда шуд