СӮХТОР БАР АСАРИ САДАМАИ МОШИНҲО
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Ронандаи микроавтобуси тамғаи «Хафей», сокини 19 – солаи пойтахт Шӯҳрат Усмонов дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ ба қоидаҳои ҳаракати роҳ риоя накарда, ба мошини боркаши Камаз бархӯрд, ки дар канори роҳ гузошта шуда буд. Дар натиҷаи ба ҳамдигар бархӯрдани мошинҳо сӯхтор ба амал омад. Бар асари сӯхтор ду мошини дар маҳалли воқеа гузошташуда низ даргирифт. Гурӯҳи сӯхторхомӯшкунандагон сари вақт ба маҳалли воқеа омада, сӯхторро хомӯш карданд. Дар натиҷаи ин фалокат касе осеб надидааст. Мақомоти дахлдор гунаҳкори садамаи нақлиётро муайян менамоянд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






