СЕМИНАРҲОИ МУФИД

Сентябрь 23, 2008 12:27

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади дар мӯҳлати муайян ва дар шароити мусоиди агротехникӣ, хушсифат ва сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона ва гузоштани заминаи устувор барои ҳосили соли 2009, дар асоси фармони вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои Рашту Ҳисор семинарҳои машваратии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Кишти тирамоҳии ғалладона» баргузор гардиданд. Дар семинар олимону мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар семинар мавзӯъҳои «Усулҳои парвариши ғалладонаи тирамоҳӣ», «Тухмии хушсифат — асоси ҳосили фаровони зироатҳои ғалладона» ва «Аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон эмин нигоҳ доштани зироат» муҳокима карда шуданд. Иштирокчиёни семинар тавсия доданд, ки таҷрибаи пешқадами хоҷагиҳои алоҳида дастраси ҳамагон гардонида шаванд. Чунин семинар ҳафтаи оянда дар вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Сентябрь 23, 2008 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид