СЕМИНАРҲОИ САРИВАҚТӢ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати кишоварзӣ дар вилояти Суғд ноҳияҳои Рашт, Ҳисор семинари машварати ҷумҳуриявии кишоварзон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории семинари машварати ҷумҳуриявӣ дар мӯҳлати муайян ва дар шароити мусоиди агротехникӣ хушсифат ва сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона ва гузоштани заминаи устувор барои соли 2009 арзёбӣ шуд. Дар ин семинар миёни олимони соҳаи кишоварзӣ ва иштирокдорони он мавзӯъҳои «Технологияи парвариши зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ», «Тухми хушсифат асоси ҳосили фаровони зироатҳои ғалладона», «Аз касалиҳо ва зараррасонҳо эмин нигоҳ доштани ғалладона» мавриди баҳсу мунозира қарор дода шуд. Иштирокчиён аз семинар барои худ чизҳои ҷолиб бардошт намуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






