СЕМИНАР БАХШИДА БА ПРОБЛЕМАИ ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дар Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, зиёиён, омӯзгорон ва талабагони мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба масъалаи таҳсили духтарон дар мактаб семинар баргузор гардид. Семинарро Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамроҳи Муассисаи наҷоти атфоли СММ гузаронд. Ҳадафи он ошкор намудани сабабҳои аз мактаб дар канор мондани талабагон, хусусан духтарон, роҳу усулҳои беҳтар намудани таҳсил ва бо таълими умумии миёнаи ҳатмӣ фаро гирифтани духтарон буд. Ҳамоҳангсози Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар Тоҷикистон Парвина Муҳаммадхоҷаева дар семинар изҳор намуд, ки дар саросари Тоҷикистон аз теъдоди умумии талабагон танҳо 75 фоизи духтарон соҳиби маълумоти миёна мегарданд. Иштирокчиёни семинар масъалаи таҳсили духтаронро аз нуқтаи назари омӯзгорон, талабагон ва падару модарони онҳо таҳлил намуданд. Талабагон, аз ҷумла, духтарон зикр карданд, ки дар аксари мавридҳо падару модарон ва бародаронашон ба идомаи таҳсили онҳо монеъ мегарданд. Аз мактаб дар канор мондани духтарон аз бисёр ҷиҳат сабабҳои иқтисодӣ низ дорад. Аксарияти падару модарон чунин мешуморанд, ки соҳиби маълумоти миёна гардидани духтарон ҳатмӣ нест. Аз ин рӯ онҳо барои идомаи таҳсили духтарон сарф кардани маблағи зиёдро зарур намешуморанд. Аксарияти пурсидашудагон зикр карданд, ки барои духтарон маълумоти ибтидоӣ гирифтан кифоя мебошад. Камбудиҳои таъминоту фаъолияти худи мактабҳо низ аз ҷумлаи проблемаҳои ҳалталаб ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар бисёр мактабҳо асбобҳои хониш, китоб, мебел ва ғайра намерасанд, ҳолати санитарии онҳо ғайриқаноатбахш мебошад. Мутахассиси соҳаи маориф аз Бангладеш Мира Митро дар семинар изҳор намуд, ки шароити таҳсили духтарон дар Тоҷикистон нисбат ба мамлакати ӯ хеле беҳтар аст. Дар мактабҳои Тоҷикистон проблемаи нобаробарии ҳуқуқи писарону духтарон ва занону мардон вуҷуд надорад, гуфт М.Митро.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






