СЕМИНАР БАРОИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАҲОИ ТИББИ НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВӢ
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Рӯзҳои 12 ва 13 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008 -2009» дар шаҳри Душанбе семинар баргузор мегардад. Дар семинар оид ба «Дастурамали тартиб ва ҳаҷми гузаронидан, баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва баргардонидани маблағҳои аҳолӣ барои хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ барои солҳои 2008 -2009», «Қоидаҳои пардохти пули кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ барои солҳои 2008-2009 дар ноҳияҳои таҷрибавӣ расонида мешавад», инчунин «Низомномаи фаъолияти муассисаҳои давлатии тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009» ва «Оид ба натиҷаҳои татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатии таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли 2008 дар ноҳияҳои Данғара, Рашт, Спитамен ва шаҳри Турсунзода» табодули назар карда мешавад. Тибқи нақша дар доираи семинар машғулиятҳои алоҳида гузаронида мешаванд. Дар семинар намояндагони раёсатҳои тандурустии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






