СЕМИНАР БАРОИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК

Сентябрь 26, 2008 15:35

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- 10 октябр дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо кӯмаки сафорати ИМА дар Душанбе барои журналистони тоҷик дар мавзӯи «Таъминоти воситаҳои ахбори оммавӣ бо иттилооти навтарин» семинар гузаронида мешавад. Семинарро мутахассиси рушди воситаҳои ахбори оммавӣ аз ИМА Эндрю Салливан мегузаронад. Ӯ ба журналистони тоҷик дар бораи роҳу усулҳои навтарину самарабахши ба даст овардани иттилоот ва самарабахштар гардонидани фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ нақл хоҳад кард. Э.Салливан журналисти мустақил буда, дар шаҳри Сараевои ҷумҳурии Босния ва Герсеговина кор мекунад. Ӯ қабл аз ин мушовири матбуоти созмони Айрекс дар Босния буд.

Сентябрь 26, 2008 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад