СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ДАР МАВЗӮИ КИШТИ ТАКРОРӢ

Сентябрь 12, 2008 16:06

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Барои дар мӯҳлати муайян ва дар шароити мусоиди агротехникӣ, хушсифат ва сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона ва гузоштани заминаи устувор барои ҳосили соли 2009, фармони вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли ҷорӣ ба имзо расид. Дар маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бо ин мақсад 12 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд семинари машваратӣ дар мавзӯи «Кишти ғаллаи тирамоҳӣ дар вилояти Суғд» баргузор гардид. Дар семинар олимону мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Директори Пажӯҳишгоҳи «Зироаткорӣ»-и Академияи илмҳои кишоварзӣ С.Т. Саидов ва мудири шӯъбаи ҳифзи растании Пажиҳушгоҳи «Зироаткорӣ» дар мавзӯъҳои муҳимтарини соҳа маърӯза карданд. Чунин семинарҳои машваратӣ дар вилояти Хатлон, ноҳияи Ҳисор ва водии Рашт низ гузаронида мешаванд.

Сентябрь 12, 2008 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид