ШӮРОИ ИЛМӢ — ТЕХНИКӢ
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод.- Бо мақсади васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва техникаи муосири ҷаҳонӣ, таъмини алоқаи зич бо истеҳсолоти кишоварзӣ, бо фармони вазири кишоварзӣ дар назди вазорати мазкур Шӯрои илмӣ — техникӣ таъсис дода шуд. Дар Шӯрои аввалин масъалаи ҳайати роҳбарикунандаи он дида баромада шуд. Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов — раис, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Аҳмадов Ҳ.М. — муовини Раис ва сардори Раёсати илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ Саидов Д.А. — котиби Шӯрои илмӣ — техникӣ интихоб гардиданд. Шӯрои илмӣ вазифадор карда шуд, ки тадқиқу пешниҳодҳоро баҳри дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илму техникаи муосири ҷаҳонӣ сари вақт баррасӣ намуда, барои истифодабарӣ дар хоҷагиҳо ва ташкилоту корхонаҳои соҳавӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






