ШАҲРВАНДИ УГАНДА ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванди Угандаро барои кӯшиши бо роҳи қочоқ аз Тоҷикистон баровардани миқдори хеле зиёди маводи нашъадор ба мӯддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард. Дар ҷараёни мурофиа гуноҳи маҳкумшуда пурра исбот гардид. Вай мувофиқи моддаҳои Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тайёрии пешакӣ ба содир кардани ҷиноят, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва қочоқи он гунаҳкор карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» маълум шуд, ки хабар медиҳад, ки кормандони гумруки Тоҷикистон шаҳрванди Угандаро охири моҳи майи соли равон дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе зимни аз назар гузаронидани бағоҷи мусофирони ҳавопаймои Душанбе — Истамбул дастгир карда буданд. Аз бағоҷи шаҳрванди Уганда қариб 30 килограм героин ёфт шуд. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки зани мазкур дар ватанаш ба воситаи Интернет бо қочоқчиёни афғон забон як карда, барои ба хориҷа бурдани маводи нашъадор ба Тоҷикистон омадааст. Вай бо роҳхати сафару сайёҳат ба ҷумҳурии мо омада, бо қочоқчиёни афғон робита барқарор намуд ва мехост маводи нашъадорро аз Душанбе ба Туркия барад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






