ШАРТНОМАҲО ИҶРО ШУДАНД
Душанбе, 15 сентябр, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, шартномаҳои дар давоми соли ҷорӣ бо Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонидаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикитон амалан сари вақт иҷро гардиданд. Тибқи шартномаи Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ аз вилояти Краснодари Федератсияи Русия 742 тоннаю 182 кило гандуми тухмии хушсифат харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд. Дар асоси шартномаи дигари бо Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расида аз шаҳри Алмаато 165 тонна ҷуворимаккаи тухмӣ ворид карда шуд. Асосан ин тухмиҳо дар соли аввал ба хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ тақсим карда шуда, сипас ҳосили он барои кишти умумӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дода мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






