ШОҲИ САРВАТМАНДТАРИНИ ҶАҲОН
Бангкок, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Шоҳи Таиланд Пумипон Абдулядет дар байни сарони давлатҳои ҷаҳон шахси сарватмандтарин ба шумор меравад. Маблағи дороии ӯ ба 35 миллиард доллари Амрико баробар аст. Шоҳи Таиланд аз ҷиҳати ҷамъ овардани сарват аз шайхи Абӯ — Заби Халифа бинни Зоҳид Алнаҳаён хеле пеш гузаштааст. Бояд гуфт, ки П.Абдулядет 62 сол боз ба мамлакат роҳбарӣ мекунад. Мувофиқи маълумоти маҷаллаи Форбс, айни ҳол 15 роҳбари мамлакатҳои ҷаҳон ба маблағи 131 миллиард доллар сарват ҷамъ кардаанд. Дар байни онҳо сарони мамлакатҳои дорои захираҳои фаровони нафт мақоми асосиро ишғол менамоянд. Тарҷумон — Қудратов А.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






