СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ РӮДАКӢ

Сентябрь 6, 2008 13:03

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ » бахшида ба 1150 — солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ симпозиуми байналхалқӣ кушода шуд. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва сухан кард. Вай зикр намуд, ки соли 1958 1100 — солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ботантана ҷашн гирифта шуда буд ва таҷлили 1150 — солагии он идомаи ҳамин анъанаи неки миллӣ мебошад. Дар эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ ғояҳои олии дӯстӣ, рафоқат, аҳамияти илму дониш дар ҳаёти инсон ва ишқу муҳаббат васф карда мешаванд. Рӯдакӣ эҳтиёҷоти инсонро ба кори хайр, муносибатҳои дӯстона ва кӯмаку дастгирии ҳамдигар талаботи табиии он мешуморад. Тамоми ашъори Рӯдакӣ ба ташвиқу тарғиби ғояҳои дӯстӣ бахшида шудаанд, гуфт Президенти Ҷумҳурӣ. Рӯдакӣ шоире буд, ки ватани худро дӯст медошт. Шеъри ба ҳамагон маълуми «Бӯи ҷӯи мулиён» дар ин бора равшан шаҳодат медиҳад. Хизматҳои Рӯдакӣ дар такмил ва ташаккули забони тоҷикӣ хеле бузурганд. Маҳз Рӯдакӣ ва муосирони ӯ забони тоҷикиро ба ҳадди камолот расониданд. Дар натиҷа забони тоҷикӣ забони сиёсат, забони илм ва забони адабиёт гардид.Ҳамин сабаб шуд, ки забони тоҷикӣ дар давоми асрҳои тӯлонӣ боқӣ монд ва ташаккул ёфт. Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки аз таъсиси маркази илмии «Бунёди Рӯдакӣ» қаноатманд аст ва омодагиро ба омӯзиш ва ба чоп тайёр намудани матни илмию танқидии Девони Рӯдакӣ ташаббуси хуб мешуморад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки баъди суханронии Президенти Ҷумҳурӣ намояндагони мамлакатҳои дигар ва олимону адибон мулоҳизаҳояшонро дар бораи эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ ва аҳамияти он дар адабиёту фарҳанги ҷаҳон баён намуданд. Симпозиум 7 сентябр давом мекунад.

Сентябрь 6, 2008 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад