СОДИРОТИ МОЛ КАМ ШУД
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо қувваи барқ . гази табиӣ 1032,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳҳои январ -марти соли 2007 15,8 фоиз ё 140,7 миллион доллар зиёд аст. Боиси зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 77 мамлакат, аз ҷумла бо 11 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 66 давлатҳои хориҷи дуру наздик муносибатҳои савдои хориҷӣ дорад. Содироти моли Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли равон 337,3 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 30,3 миллион доллар камтар аст.