СОХТМОНИ НБО РОҒУН МУВОФИҚИ НАҚША ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ба маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун рафта, бо ҷараёни иҷрои корҳое шинос гардид, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд. Сарвазир аз ҷумла, рафти иҷрои корҳоро дар маҳалли насби агрегатҳои нерӯгоҳ аз назар гузаронд. Хабар дода мешавад, ки маҳалли насби агрегатҳо то имрӯз аз лойу гил тоза карда шудаанд. О.Оқилов ҳамчунин туннелҳои асосӣ ва обгурези нерӯгоҳро аз назар гузаронд. Таъкид шуд, ки ҳамаи корҳои ба нақша гирифташуда бояд то семоҳаи чоруми соли 2009 анҷом дода шаванд. Дар ин муддат бастани маҷрои дарё ва оғози сохтмони сарбанди нерӯгоҳи оянда ба нақша гирифта шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол дар сохтмони нерӯгоҳ бештар аз 2000 коргару мутахассиси маҳаллӣ ва зиёда аз 300 навъи техникаю таҷҳизот кор мекунанд. Дар сохтмони нерӯгоҳ тамоми корҳо мувофиқи нақша иҷро карда мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






