СОХТМОНИ ТУННЕЛИ «ШАҲРИСТОН» БО СУРЪАТ ИДОМА ДОРАД

Сентябрь 15, 2008 15:02

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар қисмати шимолии туннели «Шаҳристон» 462 метр туннели мошингард канда шуд.Дар ин ҷо инчунин дар масофаи 272 метр туннели ҳавогузар ва дар қисмати ҷанубии он 1,8 километр туннели нақлиётӣ, қариб 2 километр туннели ҳавогузар канда шудааст. Ба қавли мутахассисон, туннели мазкур  охирҳои соли 2009 ва аввалҳои соли 2010 ба истифода дода мешавад.   Дар маҷмӯъ аз ҳар ду ҷониб  2244 метр туннели нақлиётӣ ва 2238 метр туннели ҳавогузар канда шудааст.Масофаи умумии туннел 5042 метр буда, пас аз ворид намудани тағйирот ба нақшаи он дарозии туннел 200 метр афзуд.

Сентябрь 15, 2008 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид