СОЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба даст омада, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бештар аз 8 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Боиси ёдоварист, ки дар асоси дурнамои истеҳсолӣ, соли ҷорӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 48 ҳазору 500 тонна пахта ҷамъоварӣ мегардад. Ҳар рӯз дар ин ноҳияҳо аз 120 то 175 тонна пахта чида мешавад. То 15 сентябр ноҳияи Турсунзода ба миқдори 2 ҳазору 109 тонна Ҳисор — 3526, Рӯдаки — 575, Шаҳринав -716 ва ноҳияи Ваҳдат 1 ҳазору 536 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин 17,4 фоизи иҷрои нақшаро таъмин менамояд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






